Дар АМИТ муаррифии нашри дуюми маҷаллаи илмӣ – назариявии «Санъатшиносӣ» доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимону донишмандон, фарҳангшиносон, таърихнигорон ва намояндагони васоити ахбори омма муаррифии нашри дуюми маҷаллаи илмӣ – назариявии «Санъатшиносӣ» доир гардид.

Ба иттилои Аслиддин Низомов, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи санъатшиносии АМИТ зикр кард, ки нашри дуюми маҷалла имкон медихад, то мо ба таври васеъ ба таҳқиқи амиқи нозукиҳои санъат ва фарҳанги тоҷик сар карда, ҳамзамон дастовардҳои ин самтро бештар рӯнамои карда, пешниҳоди доираи васеи хонандагон карда бошем.

Номбурда дар идома гуфт, нақши ашъори Камоли Хуҷандӣ дар рушди мусиқии классики халқи тоҷик, инчунин нақши Барно Исҳоқова дар рушди мусиқии тоҷик, таҷассуми симои модар дар эҷодиёти рассомони тоҷик, ҷанбаи публитсистии асарҳои саҳнавии Телевизиони Тоҷикистон, ташкили патангбозӣ ба истиқболи баҳор ва анъанаҳои наврӯзӣ дар Покистон, хунёгари аср ё борбади сонӣ ва амсоли ин номгӯи нопурраи маводи илмии маҷалла мебошад.

Аслиддин Низомов гуфт, ҳар як мақолаи илмие, ки дар маҷалла дарҷ гардидааст, бо суратнигораҳо оро ёфтааст. Ҳамчунин, дар он оид ба нодиртарин нигораи Рассоми халқи Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарипов «Аз дида ба дида, аз давра ба давра», ки дар даромадгоҳи ошёнаи дуюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, мақолаи илмӣ ҷой дода шудааст.

Сабзаалӣ Шарифов, муаллифи асари мазкур, ки тӯлии 18 сол барои офаридани ин асар заҳмат кашидааст, гуфт, асари мазкур як давраи кӯтоҳи ҳаёти кишварро таҷассум мекунад.

Маҷаллаи илмӣ – назариявии «Санъатшиносӣ» соли 2019 бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва соле ду маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳоди хонанда карда мешавад. Соли гузашта  бо сабабҳои маълум танҳо як шумораи он чоп шуда буд.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE