Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Паҳндара Майнинг оғоз бахшиданд
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ, ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Паҳндара Майнинг оғоз бахшиданд.
Нахуст, ба Президенти кишвар лоиҳаи бунёди корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Паҳндара Майнингро муаррифӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур давоми чор сол ба корҳои омӯзишию геологӣ дар зуҳуроти сурмаи Паҳндараи ноҳияи Айнӣ машғул буда, дар ин муддат дар майдони зиёда аз 600 гектар ин корҳоро ба роҳ мондааст. Корҳои пармагарӣ бошад ба андозаи аз 20 ҳазор метр ва дигар чораҳои омӯзишию геологӣ дар ин давом иҷро гардидааст.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи бунёдшаванда, аз якчанд марҳилаҳо, аз ҷумла, тахту ҳамвор кардани талу теппаҳо барои пешбурди корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти истеҳсоливу маъмурӣ ба мисли коргоҳҳои ғанигардонии маъдан, истеҳсоли сурма, осиёб, коркарди регу шағал, бетоншурӣ, анборҳои нигоҳдории қисмҳои эҳтиётӣ, ашёи хому резашуда, ҳавз барои захираи об, бинои озмоишгоҳ ва дигар иншооти истеҳсоливу ёрирасони истихроҷ ва коркарди сурма иборат аст.
Ҷараёни сохтмон зери назорати мутахассисону меъморони сатҳи ҷаҳонӣ қарор дорад.
Корхона ҳамчунин дорои биноҳои муосири маъмурӣ ва хобгоҳу ошхона барои 300 коргар мебошад.
Барои муҳайёсозии инфрасохтори зарурӣ баҳри оғози корҳои сохтмонию истеҳсолӣ тадбирҳои зиёд амалӣ гардидааст. Аз зеристгоҳи барқии деҳаи Майхура то мавзеи корхона дар масофаи 22 км кашидани хатти баландшиддати барқии 110 кВт, сохтмони зеристгоҳи барқии баландшиддати 110 кВт барои таъмини корхона бо неруи барқи доимӣ, дар масофаи 33 километр сохтмони роҳи мошингард аз деҳаи Анзоб то ҳудуди корхона, кашидани қубури об ба масофаи зиёда аз 6 км аз ҷумлаи чунин тадбирҳоанд, ки дар доираи лоиҳаи бунёди корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Паҳндара Майнинг анҷом дода мешаванд.
Қобил ба зикр аст, ки корхонаи сохташаванда дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, минтақаи истихроҷии кон бошад, дар баландии 3000 метр қарор дорад, ки дар он корҳои истихроҷӣ бо усули кушода ва шахтавӣ сурат мегирад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз ҳисоби истихроҷи маъдан зиёда аз 150 ҳазор тонна, ҳаҷми истеҳсоли консентрати сурма то 50 ҳазор тонна бо таркиби то 35 фоиз сурма ва иқтидори солонаи корхонаи истеҳсоли маъдани сурма то 5 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст.
Дар оғози корҳои сохтмонӣ барои амалишавии лоиҳа зиёда аз 60 техникаю механизмҳои махсусу дигар навъи воситаҳои нақлиёт ва 300 мутахассиси дохилию хориҷӣ ба ин ҷо сафарбар шудаанд.
Тибқи иттиллои масъулин, марҳилаи ба кор даровардан ва оғози истеҳсолот дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, ки дар сурати ба фаъолият пардохтани он 400 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
То имрӯз корхона дар ҳамкорӣ бо ширкати бритониёии Микон Интернэшнл тадбирҳои пармагарӣ ва геологиро анҷом дода, ба захираҳои кон дар се қитъа – шимолӣ, асосӣ ва маъданӣ баҳои баланд додаанд.
Дар ин замина бо мақсади муайян намудани иқтидор ва сифати ашёи хом ҷамъият, намунаҳои маҳакҳои сурмаро ба озмоишгоҳҳои машҳури байналмилалӣ дар хориҷи кишвар ирсол намудааст, ки тибқи хулосаҳои коршиносони соҳаи кӯҳкорӣ сурмаи дар ин ҷо кашфшуда пурра саноатӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъият аз корҳои то ба имрӯз анҷомёфта изҳори қаноат намуданд.
Бояд гуфт, ки бо назардошти фаровонии маҳсулоти ашёи хом ва истифодаи захираҳои ғании табиии Тоҷикистон, роҳбарияти ҷамъият дар асоси ҳадафҳои Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи саноат ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, бунёди корхонаи коркарди сурмаи ҶСК Паҳндара Майнингро рӯи даст гирифтааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхонаи мазкур ба масъулин барои анҷоми босифати корҳои созандагӣ ва таъмини инфрасохтор, ки дар ин баробар бошандагони деҳаҳои ҳаммарз аз он бархурдор мегарданд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамин гуна, татбиқи лоиҳаи мазкур боз як қадами устувор дар рушди соҳаи саноати кишвар ва афзун намудани иқтидори истеҳсоли саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар маҷмуъ ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ таъсири мусбӣ мерасонад.
Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тавассути содироти сурма ва ба буҷет ворид гардидани маблағҳо аз ҳисоби пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳо, рушди инфрасохтор, бахусус сохтмони роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, обтаъминкунӣ ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати мутахасисон, густариш додани ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотии кишварҳои пешрафта дар соҳаи куҳӣ ва муҳандисӣ, аз бартариятҳои амалишавии лоиҳа дониста мешавад.
Пудратчии генералии татбиқи лоиҳа ширкати HKSkyline Development Limited мебошад, ки таҷрибаи зиёди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ, аз ҷумла коркарди сурмаро дар кишварҳои Шарқи Миёна, Аврупо ва Осиё доро мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ бунёди корхонаро қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ҳукумат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карда, барои ин иқдом ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар навбати худ дастандаркорон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагии бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки барои рушд ва пешрафти кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.