Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Гармхона дар заминаи роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, аз лиҳози усули кишт, парвариш, ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ намунаи хуби истифодаи замин аст.
Масоҳати гармхона як гектарро ташкил намуда, дар он помидору қаламфури булғорӣ, қулфинай, лимӯ, гулкарам, бодиринг ва дигар навъи сабзавот бо шакли муосир кишту парвариш карда мешавад.
Хатҳои технологӣ тарҳи Кореяи Ҷанубӣ ва истеҳсоли кишвари Чин буда, обёрии сабзавот бо усули қатрагӣ сурат мегирад. Ин раванд бо коҳиши то чор маротибаи талабот ба оби полезӣ аз ҳолатҳои пешина тафовут мекунад.
Агротехникаи кишту парвариши сабзавот аз ҷониби 23 сокини маҳаллӣ мутобиқ ба талабот сурат мегирад. Ба даст овардани то 50 тонна маҳсулот дар як сол таҷрибаи аҳли заҳматро дар соҳаи кишоварзӣ бозгӯ мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои созандаи соҳибкор баҳои баланд дода, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоти аз лиҳози экологӣ безарар тавсияҳо доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Хоҷагидорон бо ибрози хушҳолӣ аз истифодаи имтиёзу дастгириҳои давлат намунаи олии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла донагиҳо, полезиҳо ва меваю сабзавотро ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд.
Масоҳати заминҳои кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент 11 ҳазор гектарро ташкил намуда, хоҷагидорон бо истифода аз шароит ва иқлими мусоид ҳамасола ба гирифтани ҳосили хуб дастёб мешаванд.
Ҳамҷи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли 2025 наздик ба 120 млн. сомониро ташкил намуда, афзоиш дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 фоиз аст.
Масъалаҳои ташкили гармхона ва таъмини доимии сокинон бо сабзавот дар шаҳри Панҷакент зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.
Бунёди 85 гармхона дар соли 2024 шумораи гармхонаҳо дар шаҳри Панҷакентро ба 110 адад баробар намуд.
Ғановати бозори истеъмолӣ ба фаъолияти сардхонаҳо низ вобастагии амиқ дорад. Дар 27 сардхонаи шаҳри Панҷакент имкони нигоҳдории 5386 тонна меваю сабзавот мавҷуд аст.
Майдони боғу токзор 3439 гектарро ташкил намуда, ин нишондод дар ҳоли афзоиш қарор дорад. 19 пойгоҳи обкашӣ дар шаҳри Панҷакент барои васеъ намудани майдони боғҳо ва дар маҷмуъ ба рушди соҳаи кишоварзӣ хизмат менамояд.