Дар нимсолаи якуми 2025  10 936 истилоҳ баррасӣ ва мувофиқа шуд

Раҳматуллозода Сахидод  Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни баргузории нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 Кумитаи забон ва истилоҳот дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад мавод ё 8% зиёдтар маводи ташкилотҳои болозикрро баррасӣ ва мувофиқа намудааст.

    Дар нимсолаи якуми 2024 дар умум 69690 истилоҳ дар баррасии Кумита қарор дошт, дар нимсолаи якуми 2025 бошад 10 936 истилоҳ баррасӣ ва мувофиқа шуда, ки аз он 6 луғат, 2 дастури таълимӣ-коргузорӣ, 4 асари Пешвои миллат, 4 филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», 10 вожаву истилоҳоти тахассусӣ ва ғайра мебошад.

Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 теъдоди 42 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзиму ҳамгунсозии истилоҳот баррасӣ карда, хулосаҳо додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (соли 2024 теъдоди 64 адад буд) 22 адад ё 34,3% камтар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  пешниҳод гардидаанд.

Дилбар Исматова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE