Ҳайати Тоҷикистон дар барномаи «Оҳанги ҷавонии Роҳи Абрешим ва мулоқот дар Чин барои сулҳ» иштирок дорад
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки намояндагони ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин таҳти унвони «Оҳанги ҷавонии Роҳи Абрешим ва мулоқот дар Чин барои сулҳ» барномаи хоссаи табодули ҷавонон оғоз ёфт. Дар ин хусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Барнома аз 23 июл оғоз ёфта, то 30 июл дар шаҳрҳои Пекин, Юйлин ва Чжэнчжоу баргузор мегардад. Ҳадафи он тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, густариши робитаҳои дӯстона ва мусоидат ба сулҳу суботи минтақавӣ мебошад.
Дар барнома намояндагони кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок доранд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳри Юйлин (вилояти Шэнси) шинос шуда, дар якчанд барномаи фарҳангӣ ва маърифатӣ иштирок намуд. Онҳо инчунин Осорхонаи сурудҳои мардумии шимоли Шэнсиро тамошо ва дар барномаи интерактивии суруду рақси «Янгэ» иштирок намуданд. Ба пойгоҳи Чжэнбэйтай дар Девори Бузурги Чин сафар намуда, зимни боздиди шабона дар кӯчаи таърихии Юйлин бо мероси ғайримоддии фарҳангӣ (буридани коғаз, кандакории чӯб, бофтани анъанавии бед) шинос шуданд.
Барномаи табодули ҷавонон таҳти унвони «Оҳанги ҷавонии Роҳи Абрешим ва мулоқот дар Чин барои сулҳ» дар шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад. Рӯзҳои оянда барномаҳои бештар, аз ҷумла вохӯриҳо бо донишҷӯён, намоишҳои фарҳангӣ, мусобиқаи заврақҳои анъанавии «Аждаҳо», тамошои осорхонаҳо, муассисаҳои инноватсионӣ ва маҳалҳои таърихиро дар бар мегиранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон