Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 31 август то 3 сентябр дар шаҳрҳои Тянҷин ва Пекин ҷараён дошт, ба Ватан баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр — Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои сатҳи олии СҲШ ва СҲШ-плюс иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи он бо роҳбарони як қатор давлатҳо мулоқоту суҳбатҳои пурсамар анҷом доданд.
Дар шаҳри Пекин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин 8 санади нав доир ба рушди ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин ба имзо расид.