Пешвои миллат забҳхонаи Комплекси агросаноатии ҶДММ «Мармарӣ»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд

28 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Забҳхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад. Инчунин дар ҳудуди забҳхона бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатти оби нӯшокӣ ва техникӣ, хатти қувваи барқ, коррезӣ ва селпарто гузаронида шудааст.

Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад. Таҷҳизоти забҳкунанда аз ширкатҳои аврупоӣ ва чинӣ, ки дар бозори кишварҳои ҷаҳон мақоми хос доранд, харидорӣ карда шуда, асбоби забҳкунанда аз пӯлоди махсус, ки барои соҳаи хӯрокворӣ истифода мешавад, омода карда шудааст.

Бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус ташкил карда шудааст, ки дар рафти корҳои забҳкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯи сифат, намуд, андоза ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ назорату корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ниҳояти истеҳсолот маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти банду бастшуда дар сардхонаҳои махсус ҷой дода мешаванд. Бори аввал дар забҳхона сардхонаи яхбандии амиқи ҳалқапеч васлу насб гардида, дар айни замон дар кишвар беназир ба ҳисоб меравад. Сардхонаи мазкур дар ҳарорати 40 дараҷа хунукӣ фаъолият намуда, қисмҳои парандаро бо иқтидори 3 ҳазор килограмм дар 1 соат то 18 дараҷа хунук менамояд. Таҷҳизоти сардхонаҳо аз ширкати бонуфузи чинии “СиБиЭфАй” (“CBFI”) харидорӣ гардидааст.

Ин таҷҳизот имкон фароҳам меорад, ки гӯшти паранда сифат ва ғизонокии худро гум накунад, зеро дар муддати кӯтоҳ яхкунонида мешавад. Инчунин бартарияти таҷҳизоти мазкур дар он аст, ки фаъолияти он пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.

Баъд аз анҷом ёфтани раванди истеҳсолот маҳсулоти тайёри ниҳоӣ дар 2 сардхона-анборҳо, ки ҳарорати дохили онҳо 18 дараҷа хунук мебошад, то ба фурӯш баровардан нигоҳдорӣ карда мешаванд. Иқтидори се сардхона-анборҳои дар забҳхона бунёдгардида 10, 150 ва 300 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолшуда дар муддати дароз аз рӯи меъёрҳо нигоҳдорӣ карда мешавад.

Барои мунтазам фаъолият намудани забҳхона беш аз 15 техника ва механизмҳои махсус кор фармуда мешаванд, ки меҳнати кормандонро сабуктар менамояд. Ҳаҷми умумии маблағи бунёди забҳхона 51 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи фаъолияти забҳхона 100 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши сазовор, ошхона, либосҳои корӣ, ҷой барои истироҳат таъмин мебошанд. Дар баробари бунёди коргоҳ роҳбарият ҷиҳати пешбурди корҳои ободонии атроф ва дохили забҳхона чораҷуӣ карда, дарахтҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонидаанд.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки фаъолияти Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” идомаи занҷираи арзиши иловашудаи ширкат буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст. Ин тадбир ҳамчунин ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯшти парҳезӣ амалӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки бо бунёди комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе 270 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE