34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бағдоди Ироқ таҷлил карда шуд
8 сентябр Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор намуд. Дар ин хусус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Дар ин чорабинии бошукуҳ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Ироқ, корпуси дипломатии муқими Бағдод, аҳли фарҳангу ҷомеа, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ироқ зисту фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода зимни суханронӣ бо таърихи ташаккули давлатдории миллӣ таҳти роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои назаррас дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешрафтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон шинос намуд.
Ҳамзамон ба нақши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ироқ дар таҳкими дӯстии миллатҳо ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд ишора карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона ҷараён гирифта, ба густариши робитаҳои фарҳангиву инсонии ду кишвар ва тақвияти ҳамбастагии тоҷикони бурунмарзӣ саҳми арзанда гузошт.