Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ


15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Роҳбари давлати мо аз ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар, ки рӯзи 9 сентябр рух дод, изҳори таассуф намуда, ин амалкардро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвари ба мо бародар номиданд.

“Мо бори дигар ин амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қотеона маҳкум мекунем”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати мо зимни суханронӣ рӯйдод ва тамоюлҳои нигаронкунанда дар минтақаи Ховари Миёнаро, ки ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд, таҳлил намуда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласаро ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот ҷалб карданд.

“Боиси таассуфи шадид аст, ки дар тӯли ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза аст ва ҳанӯз ҳам ормонҳои мардуми Фаластин мавзӯи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мондаанд”, изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки ҳама гуна амалкардҳои хушунатомез дар минтақа имрӯз боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав мегарданд ва онҳо, бахусус, ба раванди музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккабу печидаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон таҳкими ҳамбастагии беш аз пеши уммати мусулмонро зарур шумурданд.

Гуфта шуд, ки бидуни ҳамкории самарабахшу судманди ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва фанновариҳои пешрафта дастёбӣ ба ҳадафҳои олии созмон ғайримкон аст.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломиро кафолати боэътимоди таъмини амнияту субот ва некуаҳволии уммати мусулмон арзёбӣ намуданд.

Дар идома таъкид гардид, ки имрӯз уммати мусулмон рӯ ба рӯйи хатарҳои фоҷеабори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад.

Бархурди ягона ва рӯйкарди муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар мубориза бо ин омилҳои хатарзо тақозои замон номида шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми ниҳоят бузурги мутафаккирон ва нобиғаҳои гузаштаи мо дар ташаккулёбии тамаддуни башарӣ, бахусус фарҳанги сулҳофарӣ ва ҳамзистии мусолиматомез ёдовар шуда, зарур шумурданд, ки бо такя ба ин мероси пурғановати муштарак бояд мафкураи ҷомеаҳои худро минбаъд ҳам дар руҳияи арзишҳои неку созанда такмил дода, ба ҷаҳониён ҳамбастагии уммати мусулмонро нишон диҳем.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки ҷаласаи имрӯзаи мо ба тақвияти иттиҳоду ҳамбастагӣ дар муқобили хавфу хатарҳои замони муосир ва пешгирӣ аз ҳама гуна поймолсозии қонунҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таъсиргузор хоҳад буд.

ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қатар #Катар #Qatar

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE