Раҳмонзода: Давоми 2 моҳи охир барои тамрини гуруҳи олимпии кишвар беш аз 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Барои варзишгарони мамлакат, ки феълан дар шаҳри Токиои Ҷумҳурии Ҷопон, ҷиҳати иштирок дар бозиҳои тобистонаи Олимпии Токио-2020 қарор доранд, тамоми шароитҳои моддиву техникӣ фароҳам оварда шуда буд. Танҳо давоми 2 моҳи охир барои тамрини онҳо беш аз 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар сурати ғолибият ва ё дучори бохт барои варзишгарони кишвар кумаку имтиёзҳо пешниҳод мегарданд. Ин кӯмакҳо азҳисоби маблағҳои захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт карда мешавад. Ҳоло дар бораи андоза ва ҳаҷми он маблағҳо сухан рондан барвақттар аст, гуфт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ.
Абдулло Раҳмонзода гуфт, дар баробари таваҷҷӯҳ, дастгирӣ ва рушди соҳаи варзишу варзишгарон аз ҷониби Кумитаи мазкур соли ҷорӣ як қатор бурсияву барномаҳои давлативу ғайридавлатӣ ҷудо карда шуда, ҷавонони зиёде аз он баҳраманд гардиданд. Дар доираи ин барномаҳо ҷавонони ғайри қобили меҳнат бо аробачаҳои маъюбӣ ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 500 то 1000 сомонӣ таъмин гардиданд.
Маврди ба зикр аст, киКумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ниҳоди давлатӣ дар самти амали сохтани сиёсати давлатии ҷавонон ва омави намудани варзиш миёни аҳолии мамлакат аст. Ба хотири омавияти варзиш ва баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон дар ин давра 11 ҳазору 110 чорабинӣ баргузор гардида, беш аз якуним миллион нафар аҳолиро бо ҳам овард.
Бахтовари НУРИДДИН,
“Садои Душанбе”