Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор мешавад

 Соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд, ки ин иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим марҳалаи нав фароҳам меорад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан дар Душанбе иброз намуд. Дар ин бобат Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Ҷонибҳо дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE/ дар соҳаҳои энергетика, об ва иқлимро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор ва пешоҳанг дар масъалаи обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Хонум Татяна Молчан аз саҳми назарраси Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об истиқбол намуд.

Таъкид гардид, ки соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд. Ин иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим боз як марҳалаи нав фароҳам меорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE