Баргузории Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак»

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» таҳти унвони «Фалак ва истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора радиои “Садои Душанбе” иттилоъ медиҳад.

Дар оғози чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, зикр кард, ки Фалак ҳамчун мероси нодири  фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардида, имрӯз ба сатҳи ҷаҳонӣ расидааст. Ӯ афзуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба рушди санъати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ заминаи муҳиме барои эҳёи мусиқии суннатии тоҷик гузошт.

Дар идомаи чорабини профессорон, омӯзгорон, донишмандон ва  мутахассисони соҳаи мусиқӣ  иштирок намуда, дар бораи таърих, мақом ва нақши “Фалак” дар таҳкими ҳувияти миллӣ маърӯзаҳо намуданд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE