Пойгоҳи техникии филиали ширкати «IRS» дар Тоҷикистон ба 210 адад техникаву механизм расонида шуд

Чанде пеш ба парки техникии филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» («IRS») дар Тоҷикистон ҳашт адад техникаи нав — 3 худборкунаки пуриқтидори фронталӣ ва 5 нақлиёти махсусгардонишуда барои интиқоли кормандон ворид карда шуд. Бо ин пойгоҳи техникии филиали ширкати «IRS» дар Тоҷикистон ба 210 адад техникаву механизм расонида шуд. Дар ин бора дар маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият ва хариди таҷҳизот барои филиали ширкат зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ гардид. Ва минбаъд ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расонида шуд. Мунтазам ғанӣ намудани пойгоҳи техникии филиали ширкат дар мадди назари роҳбарият қарор дорад.

Ба иттилои филиали ширкат, то анҷоми сол вуруди иловагии техникаву механизмҳо дар назар дошта шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE