Тоҷикистону Қирғизистон дар самти такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Санади муҳими ҳамкориро ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Токтомаметов ба имзо расониданд.
Ҳуҷҷати муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ дар заминаи таҷрибаи ҳамдигар, коркарди барномаҳои таълимии муштарак ва дар ин замина ба роҳ мондани даврҳои муштараки такмили ихтисос, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштарак байни омӯзгорони ҳарду муассиса амалӣ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки донишкада ҳоло бо 33 муассисаи олӣ ва олии касбии дохилию хориҷӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон ва табодули таҷриба ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Ҳамзамон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.