Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
14 октябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) ҳамоиши илмию фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти соҳавии Федератсияи Русия, корпуси дипломатии муқими шаҳри Москва, доираҳои илмию эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёни тоҷик, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистону Эрон, китобу нашрияҳои таърихи халқи тоҷику форс, минҷумла «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ташкил гардида, ба иштирокчиён меваҳои тару тозаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки таърихи тоҷику форс дар замони Куруши Кабир, Дорои I ва Дорои III шоҳиди ташаккули тамаддуни бузург гашта, Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба ҳамкории халқу миллатҳо, дину мазҳабҳо ва маданияту фарҳанги гуногун асос ёфта буд. Куруши Кабир тавонист, ки ҳудуди давлати Ҳахоманишиёнро аз баҳри Миёназамин то Хоразм ва аз Хоразм то Уқёнуси Ҳинд васеъ намояд, яъне дар умум давлати Ҳахоманишиён дар се қитъа — Осиё, Аврупо ва Африқо ҷойгир буд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид дошт, ки имрӯз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз санадҳои қадимтарин, бунёдӣ ва консептуалӣ, сарчашмаи нодири ҳуқуқӣ-таърихии мардуми тоҷику форс оид ба рушди давлатдорӣ буда, боиси таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи умумибашарӣ қарор гирифтааст. Инчунин сафир оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддуни ориёӣ ҳамчун нигораи адабии мардуми форсизабон яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов Владимир Малишев ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия Қосим Ҷалолӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, номзади илмхои таърих, дотсент Раванди-Фадаи Лана Меҷидовна дар мавзуи “Куруши Кабир ва Устувонаи ҷаҳонии ӯ” рӯнамо пешкаш намуд.
Дар доираи ҳамоиш донишҷӯёни тоҷик ва рус, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд, «Шоҳномахонӣ» карда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Куруши Кабир ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шеърҳо қироат намуданд.
Ҳамчунин таҳти роҳбарии ҳунарпешаи шоистаи Русия Фарҳод Маҳмудов донишҷӯёни тоҷики ВГИК ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсҳои мавзуну дилнишини Ансамбли “Соната” ва саҳнаи театрикунонидаи «Куруши Кабир»-ро пешкаш намуданд.
Иштирокчиёни маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик бештар шинос шуда, дар фарҷом ба онҳо маҷмуи филмҳои заррини “Тоҷикфилм” туҳфа карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 дастур доданд, ки дар доираи ташаббусҳои байналмилалии фарҳангии мамлакат бахшида ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО мавод пешниҳод карда шавад.