Хазинаи Байналмилалии Асъор кумак ба Афғонистонро қатъ намуд
Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) эълом дошт, ки кумак ба Афғонистонро бо далели аниқ набудани мақоми раҳбарияти ин кишвар қатъ мекунад, хабар медиҳад Агентии «Ховар» бо истинод ба РИА Новости.
«Дар айни ҳол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи эътирофи ҳукумати Афғонистон ягон фаҳмиши возеҳ вуҷуд надорад, ки дар натиҷа кишвар ба ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ва дигар захираҳои ХБА дастрасӣ пайдо карда наметавонад», — омадааст дар изҳорот.
Ҳафтаи оянда ХБА бояд ба Афғонистон тақрибан 400 миллион доллар кумак мекард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз Толибон*-ро роҳбари қонунии Афғонистон эътироф накардааст.
Вазъият дар Афғонистон махсусан дар даҳ рӯзи аввали моҳи август пуршиддат шуд, вақте толибон (ҳаракати Толибон дар Тоҷикистон мамнӯъ эътироф шудааст) ҳамлаи худро ба неруҳои ҳукуматӣ фаъолтар карданд. Ягона вилояте, ки зери назорати онҳо нест, Панҷшер буда, дар шимолу шарқи Кобул воқеъ аст. 15 август ҷангҷӯён вориди пойтахт шуда, қасри раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо ишора ба хоҳиши “пешгирӣ аз қатли ом” кишварро тарк кард.
Шаби 16 август намояндаи дафтари сиёсии Толибон Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумат дар ин мамлакат дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд. Ҳоло тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз Афғонистон таҳти назорати ҷангиён-толибон қарор доранд. Баровардани кормандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки барои намояндагиҳои хориҷӣ кор мекарданд, тавассути ягона фурудгоҳи Кобул, ки дар он ИМА ва дигар кишварҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ҷойгиранд, сурат мегирад.