МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар ин шабу рӯзҳо барфи танаи дарахтони меваи донакдорро тоза кардан лозим нест

Барфи танаи дарахтони меваи донакдор дар ин шабу рӯз набояд аз барф тоза карда шаванд, зеро худи барф имконияти ҳимояи навдаҳои онро дорад. Барфро дар заминҳои лалмӣ ва обӣ дар атрофи решаи дарахтон ҷамъ овардан лозим аст. Барф решаи дарахтонро бо намии дуру дароз таъмин мекунад. Инчунин барфи ҷамъшударо бо хок ва хас якҷоя намуда, дар зери дарахт гузоштан лозим, то он тавонад дарахтро дурру дароз карахт нигоҳ дорад. Чунин маслиҳат медиҳад узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов ба боғпарварони мамлакат.

Ба гуфти номбурда, дар ин шабу рӯз бояд яхобмониро мувофиқи талабот иҷро намуд. Зеро яхобмонӣ имконият медиҳад, ки ҳашарот ва касалиҳои дар хок буда ва дар атрофии дарахтон вуҷуддошта нобуд гарданд. Инчунин давраи гулкунии баҳории дарахтон дар фасли баҳор дертар оғоз мешавад.

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки яхобмонӣ имконият медиҳад дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор бе зарар гузашт, метавон ба ҳосили хубу босифат умед баст.

«Он ҳашарот ва касалиҳое, ки дар дарахтон вуҷуд доранд, дар ҳарорати 10 дараҷа паст, яъне дар тулии як ҳафтаи сарди пурра нобуд мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки дарахтон дар ояндаи ҳосили фаровон диҳанд. Аз ин рӯ, боғпарварон бояд, ки аз ин имконият самаранок истифода баранд», — таъкид кард номбурда.

Саидалӣ Гулов зикр кард, ки дар чанд соли гузашта фасли зимистон гарм омад, бинобар ин баъзе аз лимўпарварони мо дар гармхонаҳо лимўро бе таъмини гармии эҳтиётӣ паврвариш намуданд. Аммо дар ин шаб рӯз, ки яку якбора ҳарорат то 10 дараҷа паст гардид, бояд дар гармхонаҳое, ки меваҳои ситруси павариш меёбанд, ҳатман бо гармӣ таъмин карда шавад. Чунки навдаҳои дарахти лимўро дар ҳарорати 3 дараҷа хунукӣ сармо мезанад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE