«AI CONF». Дар доираи конфронси байналмилалӣ намоишгоҳи иноватсионӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Маркази тиҷоратӣ ва намоишгоҳи Душанбе (Dushanbe EXPO Centre) дар доираи Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf» намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ ташкил карда шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар намоишгоҳ лоиҳаҳои калидии миллӣ дар соҳаи AI, аз ҷумла «SoroLLM» — модели забонии миллӣ бо 27 миллиард параметр, «Area AI» — нахустин «AI Free Zone» ва «darya.ai» — кластери ҳисоббарории экологии зеҳни сунъӣ муаррифӣ карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки «SoroLLM» модели забонии миллӣ бо 27 миллиард параметр буда, бо истифода аз маълумоти маҳаллӣ омӯхта шудааст ва дақиқияти баланд дар забони тоҷикӣ дорад. «Area AI» нахустин «AI Free Zone» дар минтақа бо Академияи зеҳни сунъӣ ва озмоишгоҳҳои илмӣ мебошад, ки барои ширкатҳо 25 сол имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва имкониятҳои худтанзимкунӣ дар соҳаи AI фароҳам меорад. «darya.ai» кластери ҳисоббарории экологии зеҳни сунъӣ буда, бо истифода аз неруи сабз фаъолият мекунад ва то соли 2030 иқтидораш ба 1 ГВт мерасад.

Инчунин ташаббуси ворид намудани зеҳни сунъӣ ба барномаҳои асосии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муаррифӣ гардид.

Гуфта шуд, ки дар доираи ин барномаҳо то соли 2028 беш аз 4 000 мактаб ва 2 миллион хонанда фаро гирифта мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳирҷон САИД (АКС)

АМИТ «Ховар»

  Чопи саҳифа✉  Равон кардан




WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE