Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баррасӣ гардид

23 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Котиби генералии интихобшудаи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Шайха Насер Ал Новаис баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария  хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар дарёфти кумаки техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар сoҳаи сайёҳӣ ва гузаронидани форумҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE