Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба беш аз 28 миллиард сомонӣ расид
Дар нуҳ моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 28 миллиарду 321 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш 131,9 фоизро ташкил дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида равона карда шуд. Аз ҷумла, моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба миқдори 1 миллиону 583 ҳазору 500 тонна ангишт истеҳсол шуда, суръати афзоиш 102,1 фоиз таъмин гардид.
Дар вилояти Суғд 1301 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 39 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1262 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми 9 моҳи соли 2025 дар миқёси вилоят 127 корхонаю коргоҳи нав бо 1077 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар аксари бахшҳо то ҳол имконоти мавҷуда ба таври пурра ва мақсаднок истифода нашудаанд. Аз ин рӯ масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои афзун гардонидани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамъбасти сол аз тамоми захираю имконият самаранок истифода баранд.

