«БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ». Дар Душанбе бори аввал чунин озмун гузаронида шуд

12 май дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳти унвони «Беҳтарин барномасоз» озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус дар донишгоҳи номбурда хабар доданд.

Озмун аз рӯйи 2 номинатсия: барномасозӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни факултети механикаю математика Қурбоналӣ Дустматзода аз рӯйи номинатсияи барномасозӣ сазовори ҷойи 2-юм ва Некрӯз Раҳимов аз рӯи номинатсияи лоиҳаҳои инноватсионӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.

Гуфта мешавад, ки озмуни «Беҳтарин барномасоз» бори аввал доир гардида, дар он 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок дошт.

Озмун ба Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида шуда, ба татбиқу тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ба ин восита баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳукумати электронӣ равона карда шудааст.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE