Форуми «Занон, сулҳ ва амният» дар Душанбе баргузор шуд
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Краун Плаза» чорабинии хотимавӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Точикистон дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, Форуми «Занон, сулҳ ва амният» баргузор гардид. Ин форум ҳамчун минбари муҳими минтақавӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба миёни занони минтақа хизмат мекунад. Дар чорабинӣ натиҷаҳои фаъолияти сол ҷамъбаст гардида, фазои муносиб барои баррасии дастовардҳо ва мушкилот, ҳамчунин муайянсозии қадамҳои минбаъда дар самти татбиқи рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният» дар Осиёи Марказӣ фароҳам оварда шуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг ва ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, намояндагони парлумонҳо, сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои қудратӣ, занони фаъол дар соҳаи амният, сулҳофари ва миёнаравӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, илмӣ ва коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, миёнаравон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, рӯзноманигорон, инчунин намояндагони занони паноҳҷӯи Афғонистон дар Тоҷикистон буданд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар доираи рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният», баланд бардоштани сатҳи огоҳи дар бораи нақши занон дар масъалаҳои сулҳ ва амният, густариши иштироки занон дар ташаббусҳои сулҳофарии миллӣ ва байналмилалӣ, таҳияи тавсияҳо барои пешбурди минбаъда, тарғиби таҷрибаҳои муваффақи занони сулҳофар дар минтақа, омода намудани изҳороти ниҳони муштараки Муколама ва супоридани раёсат ба кишвари навбатии иштирокчии Муколама мебошад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

