Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро ба истифода супориданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадова Бахтиниссо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шудааст.
Иншоот аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар майдони 1,7 гектар замин дар кутоҳтарин муҳлат ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино нуқтаи қабули беморон, 3 ҳуҷраи озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои ултрасадо, амрози даруна, ҷарроҳӣ, дандондармонӣ, доругузаронӣ, ҳуҷраи хатна, бемориҳои қалб, ҳуҷраи занона ва ҳуҷраҳои кории ҳамшираи калони тиб ҷойгир мебошад.
Ошёнаи дуюми бино аз ҳуҷраи таваллуд ва бемориҳои занона, ҳуҷраи навзодон, 2 ҳуҷраи баъди таваллуд, 7 кати хоб, ҳуҷраи ташхиси беморон ва ҳуҷраи доругузаронӣ иборат мебошад.
Дар ошёнаи сеюм ҳуҷраи ҷарроҳӣ, 2 ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҳуҷраи доругӯзаронӣ, ҳуҷраи захмбандӣ, 6 ҳуҷра бо 12 кати хоб мавҷуд аст.
Ошёнаи чоруми бино барои беморони амрози даруна пешбини шуда, аз ҳуҷраи табибон, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, физиотерапевтӣ, 9 ҳуҷраи барои беморон бо 18 кати хоб ва ҷой барои истироҳати беморон иборат аст.
Ошёнаи панҷуми бино барои барқарорнамоии саломатӣ — физиотерапевтӣ махсус гардонида шудааст.
Дар ошёнаи шашум дар синфхонаҳои олмомӯзӣ, компютерӣ бо 15 адад компютер ва ҳуҷраи омӯзгорон бо фарогирии зиёда аз 150 нафар донишҷӯ, шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар таҳхонаи бино 3 ҳуҷраи бахшҳои ронандагӣ бо 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои лойдармонӣ дар масоҳати 200 метри муррабаъ ҷойгир мебошад.
Илова бар ин, дар паҳлуи бинои асосӣ бинои 4 ошёна сохта шудааст, ки дар ошёнаи якум ошхона, дорухона, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраи нозири минтақавӣ ҷойгир мебошад. Дар иншоот 60 ҷойи хоб барои омӯзгорон ва донишҷуён мавҷуд аст.
Барои ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани иншоот муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ дастрас карда шудааст.
Дар фасли сардӣ барои бо гармӣ таъмин намудани иншоот системаи гармидиҳии бо ангишт фаъолияткунанда насб гардида, ҳамчунин саҳни бино ободу зебо карда шудааст.
Муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромади софи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур имкон медиҳад, ки ҷавонони деҳот ба таълиму тарбия ва касбомӯзӣ ҷалб карда шаванду сокинон бе харҷи зиёдатӣ дар маҳаллӣ худ ба табобат ва муолиҷа фаро гирифта шаванд.
Зимни ба истифода супоридани иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, ба сифати корҳои сохтмонӣ, шаклу услуб ва дигар тадбирҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат мутахассисони соҳаи тандурустиро барои дар сатҳи баланд ба аҳолӣ расондани хизматрасонии тиббӣ ҳидоят карданд.