Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардид.

Тавре ҳамкорамон Шукрона Насриддинзода аз рафти ин чорабинӣ иттилоъ медиҳад. Дар ин ҳамоиши тантанавӣ намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, сохторҳои гуногуни ҳизб, фаъолон, собиқадорон ва аъзои ҷавони он иштирок карданд. Нахуст, чорабинии тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии  муовини якуми ҲХДТ Маликшоҳ Неъматзода  оғоз гардида,  мавсуф бо ёдоварӣ аз дастовардҳои беназир  ва заҳматҳои шоёни абармарди сиёсат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 31 сол изҳори назар намуда,  иброз дошт, ки   воқеан ҲХДТ аз қадамҳои аввал  беҳтарин қишрҳои ҷомеаро гирди ҳам овард, ки ин бевосита аз иқдомҳои пешгирифтаи  Сарвари давлат  ҷиҳати  расидан  ба ҳадафҳои  олӣ  гувоҳӣ  медиҳад.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то имрӯз дар тамоми самтҳо нақши марказӣ дошта ва  пас аз 31 сол  ин натиҷа баръало эҳсос мешавад.

Баъд аз қисмати расмии чорабини,  ҷиҳати болидарӯҳии ширкаткунандагон аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи фарҳангию фароғатӣ  пешкаши ҳозирин  гардонида шуд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE