Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд.

Иншооти нави соҳаи маориф дар маркази вилояти Хатлон барои ба таълим фаро гирифтани 240 тарбиятгиранда дар 10 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак дар шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Назризода бунёд карда шудааст. Дар ин муассиса 20 кас ба кори доимӣ таъмин шудаанд ва ин барои дар шароити муосир ба таҳсили томактабӣ фаро гирифтани наврасон имконияти хуб ба ҳисоб меравад.

Дар посух ба дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар саҳмгузории намояндагони бахши хусусӣ дар корҳои ободонӣ барои ба талабот мутобиқ шудани хизматрасониҳо дар соҳаи иҷтимоӣ ва беҳтар шудани сифати таълиму тарбия мусоидат намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳаи маориф ва омӯзгоронро барои истифодаи босамар аз шароити фароҳамшуда, баланд бардоштани сифати таълим ва ба камол расонидани насли донишманду хештаншинос вазифадор карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки 27 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак санги асос гузошта буданд. Дар ин муддат иншооти соҳаи маориф дар асоси лоиҳа бо ҷалби коргарону мутахассисон мутобиқ ба талабот сохта шудааст.

Бунёди Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак дар шаҳри Бохтар ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ фароҳам овардани шароит барои дӯстрӯякон намунаи иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE