Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Интизор меравад, ки ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ, ки 19-20 феврали соли 2026 дар пойтахти Ҳиндустон — Деҳлии Нав баргузор мегардад, иштирок намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот инчунин роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои технология ва инноватсия муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо уҳдадории худро барои тақвияти ҳамкорӣ тавассути сармоягузорӣ, технологияҳои нав ва рушди иқтидор дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодию техникии Ҳиндустон тасдиқ намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

