Дар ноҳияи Варзоб бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 114 фоиз иҷро гардид
Дар соли 2025 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Варзоб бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 114 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 80,4 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша (71,6 млн сомонӣ) 8,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Хусрав Дамонзода- раиси ноҳияи мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба маълумоти масъулин, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 17 корхонаҳои саноатӣ мавҷуд аст, ки дар соли 2025 77,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш 77,5% ташкил медиҳад.Дар ин давра 3 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондаанд. Сабабҳои аз фаъолият боз мондани корхонаҳои саноатӣ ин ба охир расидани иҷозатнома барои истихроҷ ва дар марҳилаи гирифтани иҷозатномаи санги мармарии мавзеи Майхура мебошад.
Дар соли 2025 дар ноҳия 428 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин теъдод аз ҳисоби шахсони ҳуқуқи 86 ҷой ва аз ҳисоби шахсони воқеӣ 342 ҷойро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ 45 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.
Т.Сатторов
Садои Душанбе

