Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе

Бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар бо ташаббуси МИҲД-и шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвар бо иштироки фаъолзанон ҷамъомади идона баргузор гардид.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин рӯзи фархунда ҳозиринро муборакбод намуда, изҳор дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистон мақоми зан–модар хеле баланд буда, нақши онҳо дар эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон созгор ва назаррас мебошад.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода саҳми занону бонувони кулли кишвар ва махсусан шаҳри Душанберо дар ободию сарсабзии кишвар назаррас арзёбӣ намуда, дар идома таъкид кард, ки модари тоҷик имрӯз бояд ба тарбияи дурусти насли наврас, пешбурди сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, инчунин ҳунармандиву эҷодкорӣ саҳми босазо гузорад.

Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE