Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ доир гардид.

Маҳфили идонаро раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки месазад аз суханони Пешвои муаззами миллатамон ёдовар шавем, ки фармудаанд, ” Хираду наҷосат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкор бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситойиш ёфтааст.”

Сипас барномаи мусиқиву театрӣ пешниҳоди  бонувони фаъоли ноҳияи Шоҳмансур гардонида шуд.

Дилбар Исматова
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE