Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026»
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026», ки ҳамасола дар шаҳри Берлин баргузор мегардад, иштирок намуда, имконияту иқтидори сайёҳии кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Намоишгоҳи «ITB Berlin», ки имсол аз 3 то 5 март идома меёбад, яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҳамоишҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд меорад. Иштироки ҳайати Тоҷикистон бо шумули намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ин чорабинӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими мавқеи кишвар дар бозори байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.
Дар доираи намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ва масирҳои нави сайёҳӣ дар назар аст. Бахусус, имкониятҳои сайёҳии пойтахт — шаҳри Душанбе, аз ҷумла осорхонаҳо, маҷмааҳои фарҳангӣ, боғҳои фароғатӣ ва иншооти замонавӣ ба меҳмонон пешниҳод карда мешаванд.
Ҳамзамон, тарғиби ҷашну анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла Чашни байналмилалии Наврӯз, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги меҳмондорӣ ва таомҳои миллӣ ҳамчун бахши муҳими бренди сайёҳии кишвар муаррифӣ мегарданд.
Дар чорчӯби намоишгоҳ вохӯриҳои B2B-и ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, операторони байналмилалӣ ва сармоягузорон пешбинӣ шудааст. Ин ввохӯриҳо ба роҳандозии ҳамкории мустақим, ҷалби сармоя, таъсиси масирҳои муштараки сайёҳӣ ва афзоиши гардиши сайёҳон мусоидат хоҳанд кард.
Иштирок дар «ITB Berlin» инчунин ба дарёфти таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти ташкили намоишгоҳҳо ва истифодаи технологияҳои муосири маркетинги сайёҳӣ мусоидат менамояд. Таҷрибаи андӯхташуда дар такмили баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE) самаранок истифода хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар муайян гардида, иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷузъи муҳими татбиқи ин стратегия ба шумор меравад.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «ITB Berlin» ба таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

