Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд

 24 март намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рафта, бо Академияи сайёҳӣ ва Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории донишгоҳ шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Меҳмононро роҳбарияти донишгоҳ истиқбол намуда, доир ба сохтори идоракунӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, инчунин имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии кадрҳои баландихтисосу рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Иброз гардид, ки донишгоҳ ҳамчун яке аз марказҳои пешбари омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар асоси стандартҳои муосири ҷаҳонӣ фаъолият менамояд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма аз Маркази рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, лабораторияи сайёҳӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, студияи таълимӣ, Маркази дипломатияи сабз, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхонаи замонавӣ, хобгоҳи муосири донишҷӯён, Маркази таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ ва дигар инфрасохтори таълимии донишгоҳ дидан намуданд.

Меҳмонон ба шароити фароҳамгардида ва пойгоҳи муосири моддию техникии донишгоҳ баҳои баланд дода, онро заминаи муҳим барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки чунин боздидҳо ба таҳкими ҳамкории иттилоотӣ ва густариши равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат намуда, дар муаррифии имконияти соҳаи маориф ва сайёҳӣ нақши муҳим мегузоранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE