ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД

Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии вилоятии Рӯзи даъватшаванда бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони сохторҳои гуногун ва аҳли ҷомеа баргузор гардида, садҳо нафар ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Ҳифзи Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар ҳамеша аз арзишҳои муқаддаси миллати тоҷик ба шумор рафта, дар руҳия ва худшиносии ҷавонон ҷойгоҳи хоса дорад. Рӯзи даъватшаванда низ ҳамчун рамзи садоқат ба давлат ва омодагӣ ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Чорабинӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардида, бо роҳпаймоии мутантани даъватшавандагон оғоз ёфт. Онҳо аз назди комиссариати ҳарбӣ то варзишгоҳи донишгоҳ бо рӯҳияи болида ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ раҳсипор гардида, Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи истиқлолу ваҳдати миллиро дар даст доштанд. Ин роҳпаймоӣ ба як намоиши воқеии ифтихори миллӣ табдил ёфта буд.

Дар варзишгоҳ фазои идона ҳукмфармо гардида, ҳузури волидайну наздикони даъватшавандагон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд. Чеҳраҳои пур аз ифтихор ва дуоҳои неки падару модарон манзараи таъсирбахши ин рӯзро бозтоб мекарданд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид намуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, ҳар як ҷавон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар саҳмгузор бошад.

Дар идомаи чорабинӣ яке аз сарбозон-Шоҳвайсов Шовалӣ, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки дар қисми ҳарбии 3503 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ адои хизмат менамояд, доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ ва зарурати хизмати содиқона суханронӣ намуд. Ҳамзамон, модари яке аз даъватшавандагон — Фаришта Одинаева низ бо эҳсоси гарми модарона суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди ҳаяҷон фарзанди худро бо ифтихор ба хизмати Ватан гусел менамояд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона баргузор гардида, ба чорабинӣ шукӯҳи бештар бахшид. Дар маҷмӯъ, чорабинии Рӯзи даъватшаванда дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, бори дигар нишон дод, ки ҷавонони тоҷик барои ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар омода мебошанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, имсол даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рӯзи аввал – 1-уми апрел 100 фоиз иҷро гардидааст.                         

Маҳмадалӣ Акрамов,

радиои “Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE