АНҶОМИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ “ҲАМКОРӢ–2026”
Аз 6 то 10 уми апрели соли ҷорӣ дар машқгоҳи “Ҳарбайдон”-и ганизони Хатлон бо қӯшунҳо ва ҷузъу томи сохторҳои қудратӣ дар вилояти Хатлон машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии “Ҳамкорӣ–2026” ҷараён дошт.
Даври ниҳоии машқҳои муштараки ҳарбӣ бо тамринҳои баталионӣ-тактикӣ ва тирпарронии ҷаргӣ роҳандозӣ карда шуд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо мақсади назорат ва баҳогузории марҳилаҳои баргузории машқҳо ва ҷамъбасту натиҷагирии даври ниҳоии размоишҳои мазкур, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собизода Эмомалӣ, роҳбарияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, роҳбарону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба машқгоҳи Ҳарбмайдон омаданд.
Машқҳои мазкур дар асоси мавзӯъ ва матлаби бурдани амалиётҳои махсус оид ба нобудсозии гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ҳангоми убури хати сарҳади давлатӣ бо истифодаи васеи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, воситаҳои муҳорибаи радиоэлектронӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар шароити кӯҳсор ва бо истифода аз тамоми техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ бо ҷалби қӯшуҳои гарнизони Хатлон дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ монда шуд.
Албатта, ҳар як афсару сарбози тоҷик ва корманди низомӣ омодааст бо ҷону тани худ хати сарҳади ватани маҳбуби хешро аз ҳар гуна хавфу хатар эмин нигоҳ дорад ва дар ин роҳ то нафаси охирин ба давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистони азиз хизмат намояд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба муносибати анҷоми бомуваффақонаи машқҳои навбатӣ доир гардид, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳайати шахсии иштирокчиёни машқҳо баромад намуда, таъкид кард, ки мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориву дастгирии Сарвари давлатро пайваста эҳсос менамоянд.
Бо назардошти таҳдиду хатарҳои мавҷудбуда ва дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар вазифаҳои муҳиму пурмасъул-яъне таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи арзишҳои Истиқлолият ва ҳимояи якпорчагии ватани азизамонро иҷро намуда, дар ин раванд ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои мудофаи ҳудудӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Зимнан, барои иштироки фаъолона дар ин размоишҳои муштараки ҳарбӣ як қатор иштирокчиёни он аз сохторҳои қудратии мамлакат бо сипоснома, медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Размоишҳои муштараки амалиётӣ-стратегии “Ҳамкорӣ–2026” бо қӯшунҳои гарнизони Хатлон бо гузашти низомӣ ва ифтихору шукргузории ҳар як иштирокчии машқ аз Пешвои сулҳпарвари тоҷикон ва ватани ободу осудаамон, Тоҷикистони азиз ба поён расид.

