Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд

 15 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Ирфон Аҳмед, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдулло Аш-Шамронӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср Тамер Фатхӣ Абдуссалом Ҳаммад, Ҷумҳурии Италия Гвидо Де Санктис, Шоҳигарии Белгия Эрик Де Майер, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Фред Сеневиратне, Ҷумҳурии Зимбабве Грей Маронгве, Ҷумҳурии Малӣ Сейду Камиссоко ва Гвинеяи Экваторӣ Ндонг Айекаба Лусиано Нкого эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имсол 9 сентябр мо 35-умин солгарди бузургтарин дастоварди таърихи навини худ — истиқлоли давлатиамонро ҷашн мегирем ва афзуданд, ки тайи ин давра Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозину мусолиматомез ва созандаро роҳандозӣ намуда, дар асоси усули «дарҳои кушода» тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста касб намояд.

Сарвари давлат аз робитаҳои фаъоли дипломатӣ бо 186 кишвари ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ метавонанд ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкории миёни кишварҳои мо ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Дар идомаи сухани худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳое, ки сафиронашон дар маросим иштирок доштанд, андешаронӣ намуданд.

Изҳори умед карда шуд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои онҳо самараву натиҷаҳои наву нек ба бор хоҳанд овард.

Дар хотима Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба роҳбарони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE