25 март бозии марҳилаи интихобии ЧҶ-2022 байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон баргузор мегардад

То бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Муғулистон 18 рӯзи дигар боқӣ монд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозии мазкур рӯзи 25-уми март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин бозӣ ягона вохӯрӣ дар қораи Осиё мебошад, ки дар вақти муқарраршуда доир мешавад. Қаблан, Конфедератсияи футболи Осиё тамоми вохӯриҳои даври ҳафтуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро дар қораи Осиё мавқуф гузошта, барггузории онҳоро ба моҳи июн гузаронд.

Ёдрас мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба ин бозӣ аз рӯзи 19 март, дар Душанбе шурӯъ мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE