Имрӯз – Рӯзи таъсисёбии Телевизиони “Сафина” аст

Имрӯз, 3 сентябр, яке аз санаҳои муҳим дар таърихи телевизиони тоҷик аст – рӯзи таъсисёбии Телевизиони “Сафина”. Ин шабакаи давлатӣ бо мақсади рушди фазои фарҳангӣ-маърифатӣ, баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияти худро оғоз намуд.

Дар тӯли солҳои фаъолият Телевизиони “Сафина” бо барномаҳои гуногун, ки ҳадафи асосиашон тарғиби фарҳанг, илм, адабиёт, ҳунар, театр ва мусиқӣ мебошанд, мавқеи устуворро дар фазои иттилоотии кишвар касб кардааст. Ин шабака ҳамеша кӯшиш кардааст, ки бо пешниҳоди барномаҳои гуногунҷабҳа ва муҳтавои баланд ба рушди маърифатӣ ва зеҳнии ҷомеа саҳми муносиб гузорад.

Аз барномаҳои фарҳангӣ то филмҳои ҳунарӣ ва мустанад, аз намоишҳои эҷодии ҳунармандон то барномаҳои вижаи ҷавонон – “Сафина” тавонист симои як телевизиони дорои услуб ва диди хоси худро пайдо кунад.

Тайи ин муддат “Сафина” на танҳо тамошобини тоҷик, балки дӯстдорони фарҳангу ҳунари миллиро дар хориҷи кишвар низ ба худ ҷалб намудааст.

Ба муносибати рӯзи таъсисёбии Телевизиони “Сафина” тамоми роҳбарият, кормандон ва ҳамкорони ин шабакаи маъруфро самимона табрик гуфта, барояшон муваффақиятҳои навин, эҷоди барномаҳои боз ҳам ҷолиб ва саҳмгузорӣ дар рушди маънавии ҷомеаро таманно дорем.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE