Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи милли»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи милли»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 баргузор гардида истодааст.
Дар кори форум намояндагони зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, намояндаи Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, раисони шаҳрҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ иштирок доранд. Форумро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ қайд кард, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории шаҳрҳо ба шумор рафта, истифодаи имкониятҳои сайёҳии шаҳрӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни кишварҳо аҳамияти муҳим дорад.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE