Айни ҳол дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе…

Айни ҳол дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардида истодааст.

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи роҳдорӣ аз кишварҳои минтақа иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани сифати роҳҳо ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки Конфронс то 26 сентябр идома ёфта, барои табодули таҷриба, муаррифии имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва баррасии роҳҳои рушди минбаъдаи инфрасохтори роҳу нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Салмон Султонзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE