ДМТ: баррасии мушкилот ва дурнамои матбуоти даврӣ
Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи матбуоти тоҷик бо ташббуси факултети журналистика, дар якҷоягӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Шӯрои ВАО конфронс таҳти унвони «Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо» доир гардид. Дар кори он аз ҷониби Ректори донишгоҳ, устодони факултети журналистика ва намояндагони васоити ахбори омма маърӯзаҳо ироа гардиданд, ки зимни он дар мавриди нақш ва ҳадафҳои матбуот дар шароити муосир ибрози назар карданд.
Ҷамъомадро ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода хусни оғоз бахшида, мавриди нақши матбуот дар ҷомеа суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «имрӯз дар таълиму тарбияи журналистону рӯзноманигорони ҷавону навқалам устодони факултети мазкур, ба монанди муҳаққиқони ин соҳа Сангин Гулов, Саъдулло Ҳайдарӣ, Наргис Усмонова, Мурод Муродӣ, Нуриддин Бозорзода, Қироншоҳ Шарифзода, Ҷовид Муқим ва дигарон нақши муассир доранд».
Зимни ироаи маърӯза Қобилҷон Хушвахтзода қайд кард, ки ҳоло факултети журналистикаи ДМТ таъминкунандаи кадрҳои болаёқати касбии ин соҳа дар тамоми ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳои судманди хешро бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва тамоми навъи ВАО-и кишвар вусъати тоза пайдо намудааст. “Бо итминони комил изҳор медорем, ки факултети мазкур бо устодони варзидаи хеш ҷиҳати боз ҳам густариш додани фазои иттиллоотии ҷумҳурӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон, аз ҷумла донишҷӯён ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии Тоҷикистон бо иттилои зарурӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ, профессори кафедраи мабуоти ДМТ Мурод Муродӣ гуфт, «аввалин нашрияи тоҷикии мо, ин рӯзномаи «Бухорои шариф» мебошад, ки 11 марти соли 1912 таъсис дода шуд ва ин рӯзнома замина гардид, то дигар рӯзномаҳои тоҷикӣ ба фаъолият шурӯъ намоянд”. Мавсуф мегӯяд, ки «рӯзнома аз рӯзи аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз салоҳияти хешро гум накардааст ва агар мо – соҳибқаламон бихоҳем, ки рӯзномаҳои ватании мо аудиторияи худро аз ин ҳам бештар пайдо намояд, бояд нахуст дар саҳифаҳои рӯзномаҳоямон минбари андешаву афкорро таъсис диҳем ва аз андешаи донишмандону равшанфикрон дар фаъолияти худ истифода намоем”
Дар кори конфронс зикр гардид, ки журналисти имрӯз зиракии сиёсиро бояд асло аз даст надиҳад ва агар рӯзноманигорони мо, хусусан он нафароне, ки дар нашрияҳои даврӣ кору фаъолият мекунанд, дар барассии ҳалли шарҳи проблемаву мушкилоти мубрамӣ ҷаҳон аз ҳамин нигоҳ муносибат кунанд, ҳам манфиат ба ҷомеа мешаваду ҳам боиси баланд рафтани нуфузи рӯзномаҳо мегардад ва ҳам рангорангии фазои иттилоотии кишварро таъмин мекунад.
Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳарири рӯзномаи «Минбари халқ» ва Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон раиси атрофи ҳуқуқҳои журналист ва мавқеи он дар набардҳои иттилоотӣ суханронӣ намуда, гуфт, дар ҷомеаи кунунӣ ҷанги иттилоотӣ мавқеи хос касб намудааст. Мавсуф гуфт, ки рисолати мо – журналистон ҳамин аст, ки кӯшиш намоем, то ҳамрайъии касбӣ ҷомеаи журналистӣ густариш ёбад ва дар меҳвари он манфиати давлату миллат қарор гирад.
Ба иттилои масъулини тадорукот, мақсад аз ташкили чунин як конфронси бошукӯҳ ёдовар шудан аз таърихи матбуоти миллати тоҷик, хусусан рӯзномаи “Бухорои шариф” мебошад. Бояд зикр намуд, ки фаъолияти ин рӯзнома замина гардид, то дигар нашрияҳо бо забони тоҷикӣ ба фаъолият парзозанду аҳолиро бо хабару рӯйдодҳои дохилу хориҷ ошно созанд.
Комрони АБДУВАЛӢ,
«Садои Душанбе»