Душанбе: ба истиснои 8 нафар боқимонда кормандони МСШ №12 ваксина гирифтанд

Бо қарори Ҳукумати кишвар ин рӯзҳо ваксинагузаронӣ бар зиди бемории КОВИД – 19 миёни кормандони соҳаи тиб идома дорад. Кормандони Маркази саломатии шаҳрии №12-и шаҳри Душанбе шурӯъ аз 25-уми марти соли ҷорӣ то имрӯз ба истиснои 8 нафар дигарон ба пуррагӣ ваксина гузаронида шуданд. Ба таъкиди Созмони Тандурусти Умумиҷаҳонӣ, ваксинаи “Астро – Зенейка” қобилияте дорад, ки организми шахсро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳифз намояд.

Чанд рӯз аст, ки дар беморхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронидани ваксина бар зидди бемории КОВИД – 19 ва баланд кардани иммунитет миёни кормандони соҳаи тиб идома дорад. Дар Маркази саломатии шаҳрии №12-и пойтахт беш аз 200 нафар табибон ва кормандони ин беморхона ваксина гирифтанд.

Ба таъкиди масъулини Маркази саломатии мазкур танҳо 8 нафар кормандонашон бо сабабҳои маълум аз гирифтани ин ваксина даст кашиданд. Дар ин бора Сафархон Ҷумъазода, муовини директори Маркази мазкур иттилоъ дод. Ба андешаи ӯ, “оид ба гузаронидани ваксинаи зидди бемории каронавирус аз миёни 238 нафар кормандон, 8 нафарашон нагузаштанд, зеро онҳо айни ҳол бемор буда, пас аз шифо ёфтан ҳатман ваксинаро хоҳанд гирифт”

Холдона Сафарова ҳамшираи Маркази шаҳрии саломатии №12 – и пойхтахт мегӯяд, дар аввал аз гирифтани ваксина худорӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ сару садоҳои зиёд миёни мардум пайдо шудааст, ки гӯё ваксина ба организми инсон зарари манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ӯ ба ҳаррос афтод, вале баъди гирифтани маълумоти пурра дар бораи ваксина тасмими худро тағйир дод. “Ростӣ дар аввал вақте ваксинаро ба муассисаи мо оварданд, ман биссёр тарсидам ва нахостам онро дар баданам қабул кунам, зеро бемор будам. Баъдан, дар борааш маълумоти зиёд гирифтам, ки ин ваксина умуман ба организми инсон зарар надоштааст, ҳатто ба занҳои ҳомиладор, нафарони гирифтори бемориҳои саратон, омоси сар ва дигар навъи беморон низ ба манфиат будааст. Ба ҳамин хотир, ваксинаро гузарониданд ва имрӯз худро хеле хуб эҳсос мекунам. Умуман, аз вазъи саломатиам шикоят надорам”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи корманди дигари Марказ Маъруф Шодиев, ки он ҷо ба ҳайси иммунолог фаъолият мебарад, пас аз гирифтани ваксина худро тавонманд эҳсос мекунад. Ӯ аввалин нафар дар ин муассиса аст, ки ваксинаро қабул кард. “Дар муассисаамон аввалин шуда, худам ваксинаро гирифтам. Дар рӯзи аввал сардардӣ эҳсос мешуд, вале пас аз гузашти ду рӯзи дигар, аҳволам бисёр хуб аст. Ягон навъи ориза дида намешавад ва ба тамоми ҳамшираҳои шафқат низ тавсия додам, ки аз ин навъи ваксина гирифта, худро аз мубталошавӣ ба бемории сироятии КОВИД – 19 ҳифз намоянд”.

Ба маълумоти Маъруф Шодиев, ваксинагузаронӣ ду марҳиларо дар бар мегирад – марҳилаи аввали он давоми 3 моҳ шахсро аз гирифторшавӣ ба каронавирус эмин нигоҳ дошта, марҳилаи дуюми он то 1 сол. “Марҳилаи аввали он аз 25-уми марти соли равон шурӯъ гардид. Марҳиллаи дигари он бошад, пас аз 3 моҳ шурӯъ хоҳад шуд”.

Ба таъкиди масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваксина аслан ба нафарони дорои бемориҳои музминдошта тавсия дода мешавад, ки ба онҳо шахсони гирифтори бемории илтиҳоби шуш, диабети қанд, нафарони синни аз 60 – сола боло, ки иммунитети осебпазир дораанду организмашон қобилияти қабул кардани ҳар гуна бемориҳоро доранд, дохил мешаванд.

Комрони АБДУВАЛӢ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE