Вершинин Амрикоро дар дуздии кӯмакҳои башардӯстона ба Сурия муттаҳам медонад

Вазъи буҳронии сокинони минтақаҳои ҷангзадаи Сурия, ки имрӯз аз қаҳтӣ ранҷ мебаранд, зимни ҳамоиши байналмилалии донорҳои Брусел-5 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин навбат сармоягузорони Аврупо дар ҳаҷми беш аз 11 миллиард евро кӯмаки грантӣ ва қарзи имтиёзнок ба Сурия ба мувофиқа расидаанд. Дар ҳамин ҳол, дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ва Маскав аз ҳолати дастрасии сокинони дар вартаи гуруснагӣ қарор доштани Сурия ба кӯмакҳои башардӯстона изҳори амиқи нигаронӣ намудаанд.

Иштирокчиёни конфронси байналмилалии донорҳои “Брюссел – 5” ваъда доданд, ки барои кӯмак ба гурезагони Сурия дар солҳои 2021 – 2022 беш аз 5 миллиард евро грант ва 5,9 миллиард қарзҳои имтиёзнок ҷудо хоҳанд кард. Дар ин бора Комиссари Аврупо оид ба идораи бӯҳронҳо Янез Ленарчич иттилоъ додаст.

Ба таъкиди ӯ, дар ин росто, “маблағи умумӣ ба 5,3 миллиард евро  ва грант ба 6,4 миллиард доллар баробар аст. Ғайр аз ин, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва донорҳо қарзҳоро бо шартҳои имтиёзнок ба Сурия  ба андозаи 5,9 миллиард евро ё 7 миллиард доллар зимни ин ҳамоиш эълон карданд”, – гуфтааст ӯ.

Қаблан муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона ва ҳамоҳангсози кӯмаки фавқуллода Марк Локок гуфта буд, ки мехоҳад барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба гурезаҳои Сурия кишвархои донор дар соли 2021 10 миллиард доллар, аз ҷумла 4,2 миллиард доллар барои кӯмак ба мардуми дар Сурия қарордошта ва 5,8 миллиард доллар барои суриягиҳои дар дигар кишварҳои гуреза буда, ҷамъ оваранд.

Маврид ба таъкид аст, ки ин ҳамоиши донорҳои Сурия бо иллати пандемияи коронавирус соли дуюм аст, ки тариқи видеоконфрос ҷараён мегирад. Дар ин ҳамоиш ҳукумати расмии Сурия, ки Иттиходи Аврупо муносиботи дипломатӣ бо онро барҳам задааст, даъват нагардида буд.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш зимни як паёми видеоӣ дар кори конфронси донорҳои Сурия изҳорот дода, аз кишварҳо даъват кард, ки кӯмаки молиявиро ба мардуми Сурия афзоиш диҳанд. Ба гуфтаи Гутерриш, аз оғози муноқиша дар соли 2011 садҳо ҳазор кушта ва миллионҳо нафар маҷрӯҳу фирорӣ шудаанд. Дар пасманзари ҳамоиши кишварҳои Аврупо сари расонидани кӯмаки молӣ ба мардуми Сурия, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Росия Сергей Вершинин дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ аз он изхори нигаронӣ кардааст, ки ҷангҷӯён ба мардуми осоишта иҷоза намедиҳанд, то минтакаи Идлибро тавасути долонҳои башардӯстона тарк кунанд ва кӯмакхои башардӯстона ба мардуми он намерасад.

Ба гуфтаи ин сиёсатмадори Маскав, рӯзи 11 март ҳангоми тақсими ин кӯмакҳои башардӯстона дар яке аз нуқтаҳои аҳолинишини Сурия, “ҷангиён аз мардуми осоишта маводи хӯрокаро гирифтаанд, ки боиси задухӯрди мусаллаҳона шуда, тақрибан 10 нафар кушта шуданд.”

Ба таъкиди ӯ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия террористон сокинони осоиштаро ҳамчун гаравгон истифода мебаранд, то тавассути фишору таҳдид маводи кӯмаки башардӯстонаро ба даст оранд. “СММ бинобар набудани дастрасӣ ба минтакахои шимолу ғарби Сурия назорати дурусти онро таъмин карда наметавонад”,  афзудааст муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Вершинин.

Ин намояндаи ниходи сиёсати берунаи Макскав зимни ҷаласаи Шӯрои Амният дар қазияи кӯмаки башардӯстона ба мардуми Сурия ИМА-ро ба ғоратгарии маводи озуқаву сӯзишвории ин давлат муттаҳам кардааст. Ба таъкиди ӯ, корвонҳои ИМА ҳар рӯз нафт ва ғалладонаро аз худудхои зери тасаруфи худ дар Сурия ба Ироқ интиқол медиҳанд. “Тибқи маълумоти расида аз авали моҳ то 23 март сарҳади Сурия бо Ироқро 300 мошини сӯзишворӣ ва зиёда аз 200 мошини боркаши низомиёни Амрико бо чунин мавод убур кардаанд”, – гуфт Вершинин.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE