Дар Душанбе ҷиҳати омодагиҳо ба даъвати муташаккилонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати омодагиҳо ба даъвати муташаккилонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар даъвати баҳории ҷавонон ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда”, санаи 28 марти соли 2024, зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар Муассисаи давлатии “Амфитеатри Аҳорун”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа, ҳайати Комиссияи даъвати шаҳрӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт, раисони Комиссияҳои ноҳиявӣ, раисони комиссияиҳои таббии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа, Абдураҳмонзода А.С. доир ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани “Рӯзи даъватшаванда” ва ба таври муташаккилона сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз намуданд, ки моро зарур аст дар ҳамбастагӣ нақшаи даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ аз ҳисоби шаҳри Душанбе саривақт ва пеш аз муҳлат бо риояи талабот ва меъёрҳои муқарраргардидаи кори комиссияҳои даъвати ҳарбӣ ва комиссияи тиббӣ иҷро намоем. Ҳамзамон, аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои сариватии ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз худ фаъолнокӣ нишон дода, масъулиятпазир бошанд.