Мутахассиси СУТ шубҳа дорад, ки коронавирус аз бозори Ухан сарчашма мегирад
“Барои паҳн шудани сирояти нави коронавируси нави COVID-19 дар бозори маҳсулоти баҳрии Ухани Чин ҳама шароитҳо мавҷуданд, аммо ин маънои онро надорад, ки вирус маҳз дар он ҷо пайдо шудааст, – мегӯяд коршиноси гурӯҳи СУТ аз Русия, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти тадқиқоти эпидемиология ва микробиология ба номи Пастери Санкт – Петербург, Владимир Дедков.
Ба иттилои хабаргузории РИА “Новости” бозори Ухан, ки дар он ҷо тоҷирон ба фурӯши сабзавот, маҳсулоти баҳрӣ ва гӯштӣ машғул буданд, 1 январи соли 2020, вақте як таҳқиқи эпидемиологӣ оид ба хуруҷи бемории номаълум маҳз он ҷоро макони хуруҷ эълон кард, баста шуд. Ба гуфтаи маҳаққиқони аврупоӣ, аввалин беморон дар ин бозор кор мекарданд. Аммо, олимон ҳанӯз дар бораи нақши ӯ дар паҳншавии вирус ба як хулосаи якранг наомадаанд.
“Мо дар бозор будем. Ман бо қоидаҳои санитарии Чин чандон ошно нестам, аммо бо назардошти ин, бозор аз стандартҳои ҷаҳонӣ хеле дур аст, вале доир ба оне, ки вирус аз он ҷо сар зад, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад. Шояд вирус дар ҷои дигар пайдо шуда бошаду баъд ба ин ҷо интиқол ёфт. Таҳлилҳо ҳам нишон доданд, ки барои паҳншавии вирус дар ин бозор тамоми шароитҳо мавҷуданд, вале роҷеъ ба оғозаш ҳанӯз не”, – гуфт Дедков.
Ӯ қайд кард, ки алҳол бозор дигар дар ҳолате нест, ки пештар буд. “Ҳоло он баста буда, тасмим аст, ки вайрон карда шавад, аммо ҳоло барои чунин чунин хулоса баровардан барвақт аст. Албатта, бозор ҷойи серодам аст. Ин бозор бошад, ҳам хурд асту ҳам танг ва табиист, ки дар онҷо чунин ҳодиса рӯй доданаш мумкин буд. Тавре гуфтам, ҳама шароити паҳншавии ҳар гуна сироят дар он ҷо мавҷуд аст, зеро аз ҷониби тоҷирон қоидаҳои санитарӣ риоя карда нашаванд. Лекин новобаста аз ин, ҳоло мо чизеро муайян карда наметавонем, чунки бозор баста аст”, – таъкид кард ин коршинос.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар Чин гурӯҳи байналмилалии коршиносони СУТ пайдоиши COVID – 19 – ро таҳқиқ мекунанд. Мутахассисон рӯзи 14 январ ба Вуҳани Чин, ки ҷойи тавлид ва баромади вирус гуфта мешавад, расиданд. Пас аз ин, онҳо ба карантини ҳатмии 14 – рӯза гузаронида шуданд ва сар аз 29 январ, чун карантин ба поён расид, коршиносон ба кор шурӯъ карданд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”