Минонигорӣ

Вазорати фарҳанг ба ҳиҷ андозаву ченаке ба рушду равнақи ин ҳунар дасти беҳбудӣ дароз накарда ё фалакро парвоесту варо на. Ба иқрори Олим Камолов, агар чунин сардназарӣ бошад, пас ҳамин ҳамими ангеза низ, ки аҳёнан дар қалби бачаҳо, саҳеҳтар шогирдони ӯ ҳаст, хомӯш хоҳад шуд.

 

Руҷӯъ

Ӯ дар миёни 27 давлати дунё, минҷумлаи Фаронсаву Ҳиндустон, Эрону Афғонистон, Покистону Муғулистон ва дигар кишварҳои гетӣ дар риштаи минётурнигорӣ сазовори ҷоизаи арзанда гардида, ному шарафи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ово додааст, ки аз ин сарнавишт қисса мекунем.

Санъати минонигорӣ ё минётурнигорӣ яке аз қадимтарин ва пурарзиштарин ҳунарҳои бадеӣ дар таъриху тамаддуни форсу-тоҷик ба шумули ганҷибаи бебаҳо пазируфта гардидааст. Ин ҳунари волову зебо дар масири торихи тавил дорои ҳавзаҳо ва сабкҳои гуногун дар марказҳои фарҳангии қадима, минҷумлаи Самарқанду Бухоро, Марву Ҳирот хеле рушду нумуъ ёфта, мавқеву манзалати вижаро доро будааст. Боиси фараҳу шодмонист, ки тамоми осори бадеиву адабии миллати тоҷик тавассути нақшу нигори ин навъи санъат ороиш ёфтаанд. Хусусан санъати китобдорӣ ба василаи ҳунари минонигорӣ зебу зиннат касб карда, рангу ҷилои тоза гирифта, то бад-ин даврон дар шаклу намуди зебо расидааст.

Таърих гувоҳи ростин аст, ки яке аз намояндаҳои дурахшону варзидаи ин ҳунари воло Камолиддини Беҳзод дониста гардида, шебу фароз, тову таҳ, сирру асрор ва сабку услуби хосаи ин навъи санъатро барои қарни феълӣ боқӣ гузоштааст.

 

Беҳзоди сонӣ

Рушду инкишофи он минбаъд дар ҷамъиятҳои фарҳангии Мовароунаҳру Хуросон, Ҳироту Табрез ва дигар манотиқи мухталиф ба назар мерасиданд. Санъати минонигорӣ ба сифати яке аз ҳунарҳои зебо ба миллати тоҷик чун мероси гаронарзиш ба ҳисоб рафта, насли созандаву ояндаи он ин рисолату асолатро то замони мо ҳифзу ҳимоят намудаанд, ки шумули аз онҳо Олим Камолов будааст.

Шаклу услуби кори Камолиддини Беҳзод ва намояндаҳои мактаби ӯ ба эҷодиёти Олм Камолов асар карда, ки мавсуф бо синтезу рангпардозиҳои замони муосир такмил ёфта, бо шеваи вижа эҷод шудааст.

Ранҷу заҳмату меҳнату машаққати шабонарӯзии 20 сари сола дар роҳи омӯхтану донистану таҳқиқи мактаби бузурги Камолидини Беҳзод ба сифати поягузори ин санъати зебо Олим Камолов сарф карда, ки ту гуфтӣ, дар бадали ин фурсату фосила худ низ ба офаридани асарҳо пардохтааст. Дар ин замина солҳои аворих баргузории зумраи намоишҳо аз сӯи ӯву аҳли хонаводааш, хоса духтараш Бону Камолова ва дастгирии ҳамсараш рассоми шинохта Сарвиноз Ҳоҷиева таҳия гардидааст, ки он аз фаъолияти пайвастаашон башоратгар аст.

 

Дасти муъҷизаофар

Омезиш ва интихоби дурусти ранг яке аз омилҳои муҳими санъати минонигорӣ будааст, ки бад-ин васила аз дигар ҳунарҳои наққошиву рассомӣ тафовут мехӯрад. Минонинорӣ дар қолаби аниқу дақиқ маҳдуд нагардида, ҷасуронаву устувор аз ҳудуду сарҳадҳо ва марзу қолабҳо бидуни ихтиёр ҷаҳиш мехурад. Истифодаи ранг ва сабки хоси Олим Камолов басо ҷилибу нафис буда, пайдост, ки дар ҷараёни омӯзиши ин ҳунар аз мактаби Камолидди Беҳзод чун мероси барҷаставу мондагор бофир истифода карда, ки ба осораш таъсири амиқ гузоштааст.

Аз маъхазҳои таърихӣ аёну дақиқ аст, ки санъати минонигорӣ дар кишварҳое чун Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон, Фаронсаву Муғулисон густариш ёфтаву доман паҳн намуда, то бад-ин дам расидааст. Ва ба василаи ҳунармандони чирадасти онон поянда мондааст. Дар ҳоли ҳозир мактабҳои махсус доир ба омӯзишу таҳқиқ ва пажӯҳиши комили ин риштаи нафис мавҷуд буда, бо гузораи солҳо ривоҷу равнақ ёфтан дорад. Дар кишвари мо ин навъи санъати олӣ қабл аз замони соҳибистиқлолӣ як шева мавқуф хӯрда, баъди пошёбии ҳокимияти Шӯравӣ аҳён-аҳёну як-як пиёда гардид, вале ҳамоно ба андозаву ченаки нӯги сӯзанро мемонд.

Дар ин ришта ягона ҳунарманду соҳибкасби воқеъӣ дар саросари ҷумҳурӣ Олим Камолов будааст, ки мактаби эшон ҳоло ҳам рушди комил наёфтааст. Дар ин хусус вазорати фарҳанг ва муттасадиёни ин соҳаро мебояд, ки кор баранду таҳқиқ созанд. Вижа, вазорати фарҳанг ба ҳиҷ андозаву ченаке ба рушду равнақи ин ҳунар дасти беҳбудӣ дароз накарда ё фалакро парвоесту варо на. Ба иқрори Олим Камолов, агар чунин сардназарӣ бошад, пас ҳамин ҳамими ангеза низ, ки аҳёнан дар қалби бачаҳо, саҳеҳтар шогирдони ӯ ҳаст, хомӯш хоҳад шуд.

Ҳанӯз аз қарнҳои 15-16 дар таърихи ҳунарҳои бадеии мо ин рангпардозии нафису зебо заминаи устувори таърихӣ ва бунёдӣ дошта, аз як мактаб ба мактаби дигар анъанаи меросбарӣ дошт.

Дар кишварҳои номбаршуда ин ҳунарро тавассути ҳунармандони касбӣ идома ва вусъат додаанд ва то бад-ин рӯз пойбарҷост. Яъне ин кишварҳо мутахассисини касбиро доро будааст. Аскаралӣ Раҷабовро бишнавед.

 

Шогирди мактаби Беҳзод

Мактаби Камолиддини Беҳзод пайваста омӯхта мешуд ва таҳқиқ мегардид ва имрӯз аз сӯйи муҳаққиқони тоҷик тадқиқотҳои бешумор гузаронида шуда, таълифоти онҳо на ки дар ҳудуди мамлакати мо, лобал дар кишварҳои дигар низ пурсамар ҳам набошад, истифода мешаванд. Аскаралӣ Раҷабовро бишнавед.

Дараҷаи душди санъати минонигорӣ ба асрҳои миёна росту дуруст меояд. Асоси баъзе асарҳои офаридаи Олим Камолов асримиёнагист, аммо қаҳрамонҳои ӯ ҳамзамонони наққош буда, бештар ҷамъият ва зиндагии феълии мардумро ба риштаи тасвир кашидааст, ки бинанда дар ин асарҳо худро пайдо месозад.

Баргузории намоиши асарҳои устоду шогирд Олим Камолов ва фарзанди ӯ Бону Камолова дар риштаи минонигорӣ дар маконҳои фарҳангӣ ҳамвора ба шеваи анъана раҷаёни тоза бургузида, боз ҳам аз ҳунари волои ин марди соҳибкасбу лаёқатманди кору пайраҳаи хеш ва духтари мониқаламаш далолату шаҳодат медиҳад. Ва ҳамчун чорабиниҳо дар боло бурдани завқи фарҳангии мардум ва таъмини истироҳати маънавии онҳо саҳми бағоят бузург мегузорад.

Дар чунин намоишҳои фарҳангӣ санъатшиносону таърихдонон, олимону адибон ва роғибони ин нави санъати воло ширкат меварзанд. Чанд соле қабл 70 асари Олим Камолов ва 16 адад маҳсули эҷоди духтараш Бону Камолова дар ҳамчун намоишгоҳ ба маррази тамошо гузошта шуда буд.

 

Нақшҳои мондагор

Ҳар асари офаридаи Олим Камолов дорои мазмуну маънии баланд буда, аз рӯзгори р ӯзмарраи мо бардошта шуда, бинандаро ба андеша водор месозад. Дар ин асарҳо омезиши рангҳо ва ҷилову ҷилваи онҳо хеле зебову нафису борикбинона ва моҳиронаву ҳунармандона ба назар мерасанд, ки ин ҳам шаҳодати ҳунари сайқалхӯрдаву суфташудаи рассом мебошад.

Фарои 10 сола ранҷи кашида ва маҳсули меҳнаташро дар қатори падар манзури дидаи бинанда сохтан ҳам ифтихор ва низ аз ин беш масъулият будааст барои Бону, чаро ки эҷодгар дар он марҳилаву қулла соҳиби иззату икром ва мавқеъву манзалати хосаи ҷомеа мегардад, ки аз кори кардаву эҷоди суфтааш ба ченаки ҳичӣ аҳ қаноат ҳосил нафармояд.

Ташкилоти ҷамъитяии “Истиқбол” ташкилотест, ки кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатмандро дастгирӣ мекунад. Яке аз бахшҳои муҳими ташкилоти мазкур ба нашри китобҳои бачагона баъшида шудааст. Ин аввалин китобест, ки дастаҷамъона эҷод шуду нашр гардид ва ба хонандаҳо бисёр хуш омад. Ороиши китоби мазкур маҳсули ҳунари Бону

Албатта саҳму дараҷаи рисолати волидон дар таълиму тарбияи фарзанд басо заруру муфид бувад. Бону дар хонаводаи фарҳангиён ба дунё омадааст. Сарвиноз Ҳоҷиева фарзанди шоири бачагонаи миллат Бобо Ҳоҷӣ аст. Таъсиру шарофати Бобову падару модар бофир ба Бону расида, ки имрӯз дар олами санъати рассомӣ мустақил бол кушода.

Олим Камолов баҳри пойбарҷо ва то наслҳои дигар мерос мондани ин ҳунари воло дар манзили худ ба наврасон ҳунари минонигориро мемӯхт, вале ин барои рушди ин санъат қатрае аз баҳр будааст. Сар аз соли 2014 дар факултаи графикаи Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн шуъбаи мининигорӣ ба фаъолият пардохт. Аз ҳамон аҳду овон Олим Камолов ин равияи санъати рассомиро ба дӯстдорону алоқамандони он меомӯзад.

Хулоса, аз замони Камолиддини Беҳзод то аҳди Олим Камолов пулест, ки қарни 21-ро бо садаи 15 мепайвандад. Аммо миёни ҳамин пул холист, сутуне надорад. Имрӯз бояд холигии ҳамин пулро пур сохт, бо сутунҳои қудратманду тавоно, то аз вазиши боде дар гузораи рӯзгор газанд наёбад. Яъне ягон панҷаи ҳунар танавонист чун Беҳзод кафи санъати минонигориро пур созад.

Лутфуллои АЗИЗ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE