БМТ «Бонки Осиё»-ро барҳам дод
Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд — «Мадина ва Ҳамкорон» ва «Бонки Осиё»-ро бозхонд намуд. Дар ин бора аз миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, фаъолияти ин ташкилоти қарзии хурд бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қатъ карда шудааст.