Озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид. Дар ин озмун шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Дар номинаи «Боғи беҳтарин» — Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, «Гулгашти беҳтарин» — гулгашти назди Сирки давлатӣ, «Вилояти беҳтарин» -вилояти Суғд ва «Гулпарвари беҳтарин» — Гулнигор Ғафурова, корманди Муассисаи давлатии Боғи Ғалаба ҷои аввалро соҳиб гардиданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ иттилоъ медиҳад, дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони расмии шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, гулпарварон аз гӯшаву канори мамлакат ва сокинону меҳмонон иштирок намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ, гули лола, намоиши либосҳои рангоранги миллӣ, анвои хӯрокҳои миллӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модарони тоҷик пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Тавре Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз намуд, «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».
Мавсуф иброз намуд, ки «баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Асосан гули лола ва Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари ватани наврӯзии тоҷикон буда, як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум маҳсуб мешавад.
Гули лола ба ҳафт ранг: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, бунафшаӣ, сабз ва зард тақсим мешавад. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Навъҳои ранги гули лола то дараҷае зиёданд, ки метавон гуфт, ба ғайри ранги қаҳвагӣ дигар тамоми рангҳоро доро мебошад. Баргҳои лола дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча мебошанд. Ҳамаи гулҳои лолаи худрў дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд.
Агар нигоҳе ба таърих андозем, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.
Гули лола танҳо ду моҳ дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз охири апрел то аввали июн вобаста ба маҳалҳои гарму салқин идома меёбад. Ва чунин атрофро ҳусну накҳати тоза мебахшад, ки мисраҳои ҷовидонаи Рӯдакии бузург ба ёд мерасад: «Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло…»