Шоҳзод Раҳимзода: Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бомаром идома дорад

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми марти соли 2021, таҳти №141 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро ба тасвиб расониданд. Мувофиқи он, даъвати баҳории ҷавонон дар ҳудуди пойтахт бояд дар сатҳи баланд гузаронида шавад ва ҷавонон дар фазои идона ба хидмати ҳарбӣ гусел карда шаванд.

Шурӯъ аз аввали моҳи апрел то ба имрӯз ҷавонон ихтиёран ва бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба Комиссариати харбиии ноҳияҳои ҳудуди шаҳр омада, ба Артиши миллӣ мепайванданд. Натиҷаи ин буд, ки дар рӯзҳои аввали мавсим беш аз 65 фисади Нақша иҷро гардид. Шоҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, зимни суҳбат бо сомона гуфт, ки ихтиёран пайвастани ҷавонон ба Қуваҳои мусаллаҳи ҶТ дар ҳудуди пойтахт ҳамоно идома дорад ва бовар аст, ки рӯзҳои наздик Нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе ба пуррагӣ иҷро мегардад.

Ин ҳамсуҳбатамон аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки сол то сол эҳсоси ватандӯстии ҷавонон боло гардида, шумораи бешуморашон хоҳони онанд, ки тан ба тан сипари боэътимоди Ватан шуда, давлату миллати худро ҳифзу нигоҳдорӣ намоянд.

Яке аз василаҳое, ки ба қавли маъсулини кор бо ҷавонони пойтахт, эҳсоси ватандустии ҷавононро дар замирашон бедор намудаст, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ миёни муассисаҳои таълимии миёнаву олии ҳудуди шаҳр мебошад. Ин иқдом боис ба он гардид, ки хонандагон ба қисмҳои ҳарбӣ раванд, аз вазъи феълии онҳо боздид намоянд ва билохира меҳру муҳаббаташон ба меҳану хидмат ба он боло гардад, гуфт дар фарҷом сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода.

Қишри ҷавони пойтахт чун дигар ҳамтоёни худ пайи ҳизфу ҳимояи марзу буми давлат равона гардида, ваҳдату субот ва оромиву осудагии меҳанро чун гавҳараки чашм пос медоранд.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE