Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан баргузор гардид

Корхонаю ширкатҳое, ки ба истеҳсоли яхмос ва обҳои ташнагишикан машғуланд, маҳсулоти худро дар даври шаҳрии фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан, ки дирӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир гардид, ба намоиш гузоштанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар даври шаҳрии Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва корхонаву ширкатҳое, ки яхмос ва обҳои ташнагишикан истеҳсол мекунанд, иштирок намуданд.

Меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз намоиши навъҳои гуногуни яхмос ва обҳои ташнагишикан, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода изҳор дошт, ки фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли обҳои ташнагишикан дар пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ, иҷрои банди 8 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, инчунин ҷиҳати  иҷрои ҳамин банди ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.

Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE