Душанбе: баргузории Ниммарафони XI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
17 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои пардохти хароҷоти Ниммарафони мазкур 493 049 (чорсаду наваду се ҳазору чилунуҳ) сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе соати 09:00 оғоз ёфта, Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки онро мутобиқи хати дави муайянгардида доир намояд. «Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд», – афзуд манбаъ.
Ҷаҳоноро ШОҚУРБОНОВА
“Садои Душанбе”