Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 муайян шуданд
Имрӯз, 11 –уми май дар Доҳа маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд, ки дар натиҷаи он тими миллии Тоҷикистон рақибони худро пайдо кард.
Мунтахаби Тоҷикистон шомили гурӯҳи “А” буда, он ҷо бо мунтахабҳои Қатар, Чин ва Лубнон бозӣ мекунад.
Ёдовар мешвем, ки дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ва менеҷери тими миллии кишвар Беҳрӯз Айниддинзода ширкат доштанд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ тақсим шуданд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.